Ҳайати дастгоҳи Раёсати аудити миллии Чин бо ҳамкасбони тоҷики худ масъалаи тавсеаи ҳамкориро баррасӣ намуд
ДУШАНБЕ, 03.07.2018/АМИТ «Ховар»/. Ҳайати расмии дастгоҳи Раёсати аудити миллии Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии Хю Зеҷун зимни сафар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 1 то 3 июл идома ёфт, аз Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид намуда, бо роҳбарият ва кормандони мақоми олии назорати молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот анҷом дод.
Дар мулоқот раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарахон Чиллазода ба сатҳи ҳамкории дуҷонибаи мақомоти марбутаи ду кишвари ҳамҷавор- Тоҷикистон ва Чин баҳои баланд дода, изҳори қаноатмандӣ намуд.
Аз Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро дар доираи Ёддошти тафоҳум оид ба фаъолияти аудиторӣ дар бахши давлатӣ байни Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати аудити миллии Ҷумҳурии Мардумии Чин баррасӣ намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки санади мазкур дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин моҳи августи соли 2017 ба имзо расид ва барои фаъолияти пурсамари аудитории тарафҳо заминаи ҳуқуқӣ гузошт. Ҷонибҳо ба хулоса расиданд, ки чунин машваратҳои кории дуҷониба мунтазам сурат гиранд, зеро дар ҷараёни ин мулоқотҳо масъалаҳои муҳими ҳамкории тарафайн муҳокима шуда, барои тақвияти робитаҳо мусоидат менамоянд.
Мавриди зикр аст, ки Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати аудити миллии Ҷумҳурии Мардумии Чин аъзои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, назири ИНТОСАЙ, АСОСАЙ ва Шӯрои роҳбарони Мақоми олии аудити давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мебошанд.








Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад






