Ҳайати расмии дастгоҳи Раёсати аудити миллии Чин аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд

Июль 3, 2018 10:40

ДУШАНБЕ, 03.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати расмии дастгоҳи Раёсати аудити миллии Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии хонум Хю Зеҷун, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари корӣ қарор дорад, аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» Фаридун Кенҷаев хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, меҳмононро роҳбарияти Осорхонаи миллии Тоҷикистон пешвоз гирифта, барои онҳо дар сатҳи баланди касбӣ бо забони англисӣ сайри осорхонавӣ гузаронида шуд.

Зимни сайри осорхонавӣ меҳмонон ба бозёфтҳои давраҳои гуногуни таърихи халқи тоҷик, аз ҷумла, шаҳрҳои Саразм, Панҷакенти қадим, Бунҷикат, «Ступпаи буддоӣ», бозёфт аз ноҳияи Ховалинг (асрҳои VII-VIII), «Меҳроби Искодар» ва коллексияи тиллогин дар толори «Туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуданд.

Меҳмонон ҳамзамон тавассути боздид аз толорҳои экспозитсионии Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таърих ва фарҳанги дирӯзу имрӯзи мардуми тоҷик  шинос шуданд.

 

 

Июль 3, 2018 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад