Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои байнидавлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода иштирок намуд

Июль 23, 2018 12:40

ДУШАНБЕ, 23.07.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи XXXI Шӯрои байнидавлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ, ки  20 июл дар Ҷумҳурии Беларус баргузор гардид, бо роҳбарии муовини аввали раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майор Рустам Шоҳиён иштирок намуд.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ иттилоъ дод.

Дар ҷаласа масъалаҳои мубрами вобаста ба бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ баррасӣ карда шуданд. Ҳамчунин ҳамкории ҷонибҳо ҳамгоми сар задани чунин ҳолатҳо мувофиқа карда шуд.

Дар ҷаласа фаъолияти давоми солҳои 2017-2018 анҷомдодаи Шӯрои мазкур мавриди таҳлил қарор дода шуда, иштирокчиён пешниҳодҳои худро барои беҳтар кардани кори он манзур намуданд. Дар ҷаласа ҳамзамон нақшаи чорабиниҳое, ки давоми солҳои 2019-2020 баргузор мешаванд, қабул карда шуд.

Мувофиқа карда шуд, ки ҷаласаи навбатии Шӯрои байнидавлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода дар яке аз шаҳрҳои Федератсияи Россия баргузор карда шавад.

Дар ҷаласаи мазкур ғайр аз Тоҷикистон ва кишвари мизбон- Беларус ҳамчунин намояндагони кишварҳои аъзои Шӯро – Озарбойҷон, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Туркманистон, Ӯзбекистон ва намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ  иштирок карданд.

Июль 23, 2018 12:40

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад