Ҳайдар Одиназода: «Шумораи довталабон аз ҷумҳуриҳои хориҷӣ барои таҳсил дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон меафзояд»
ДУШАНБЕ, 18.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо шумораи довталабон аз ҷумҳуриҳои хориҷӣ барои таҳсил дар донишгоҳи мо хеле зиёд гардидааст. Матлаби мазкур имрӯз зимни нишасти матбуотӣ аз ҷониби ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ Ҳайдар Одиназода баён гардид.
Ҳ. Одиназода ҳамчунин иброз намуд, ки соли таҳсили 2016-2017 дар ДТТ 53 нафар донишҷӯёни хориҷӣ аз 11 кишвари гуногун, аз ҷумла, Афғонистон, Корея, Қазоқистон, Қирғизистон, Нигерия, Германия, Россия, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Чин дар курси тайёрӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ, зинаҳои бакалавриат, магистратура, аспирантура ва докторантураи PhD таҳсил доштанд. Аз ин шумора 27 нафарашон ба таври буҷавӣ дар асоси бурсияҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳрвандони хориҷӣ ҷудошуда ва 26 нафарашон тариқи шартномавӣ таҳсил намуданд.
Инчунин зикр гардид, ки яке аз ҳадафҳои муҳими фаъолияти байналмилалии донишгоҳ — тайёр намудани кадрҳои илмӣ- педагогӣ ва мутахассисони баландихтисос барои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои олии касбии кишварҳои хориҷӣ мебошад.
Вобаста ба ин, бо кӯшишҳои раёсати донишгоҳ ва дастгирии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар соли 2017 12 нафар омӯзгорон барои таҳсил дар аспирантура ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Россия фиристода шуданд.








«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад






