АКСИЯИ «ТОЗАГИИ МАҲАЛ»: маҳалли зисти худро тозаю озода нигоҳ дорем!

Июль 7, 2018 10:56

ТУРСУНЗОДА,  07.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»  шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Турсунзода аз моҳи моҳи январи соли равон дар ҳудуди шаҳр  аксияи «Тозагии маҳал» эълон намуд, ки он дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот гузаронида мешавад.

Тавре аз шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Турсунзода ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, аз рӯзи оғози ин аксия то ҳол   22 900 нафар сокинони шаҳри Турсунзода дар тоза намудани макони зисти худ  иштирок намуда, маҳаллаҳои ҳудуди шаҳро аз 413 метри кубӣ партовҳои сахти маишӣ тоза намуданд.

Аксияи «Тозагии маҳал» дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷамъбаст гардида, ғолибон  бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мешаванд.

Мақсад аз баргузор намудани ҳамоиши мазкур  тоза намудани ҷойҳои бозии  кӯдакону наврасон дар кӯчаю маҳаллаҳо, соҳили дарёҳо, ҷӯйбору каналҳо, сафед намудани дарахтони кӯчаҳои шаҳр ва  шафати шоҳроҳи Душанбе- Турсунзода мебошад.

Бо ин амали нек кӯчаю маҳаллаҳо, ҷамоатҳои деҳот ва дар маҷмӯъ,  саросари  диёрамон ободу зебо гардида, амнияти тозагию беҳдошти  маҳаллаҳо таъмин мегардад.

Июль 7, 2018 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад