«ҲАМНИШИНЕ БЕҲ АЗ КИТОБ МАХОҲ…». Ғолибони мусобиқаи вилоятии китобхонӣ ба озмуни ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд
ХОРУҒ, 06.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар Китобхонаи ба номи Абуабдулло Рӯдакии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озмуни вилоятии «Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ» баргузор гардид. Дар он 8 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят ширкат намуданд.
Яке аз ҳакамони озмун, устоди Донишгоҳи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Зафар Шариф гуфт, ки мақсади асосии озмуни мазкур ҷалби таваҷҷуҳи бештари кӯдакону наврасон ба китобу китобхонӣ ва ба ин восита, баланд бардоштани сатҳи худогоҳию хештаншиносӣ дар ниҳоди онҳо ба шумор меравад.
Ба касе пӯшида нест, ки рушди бесобиқаи технологияи муосир ҷой ва мавқеи китобро миёни хонандагону донишҷӯён маҳдуд кард, ки ин ба паст гардидани саводи хаттию шифоҳии онҳо оварда расонд. Ҳамчунин озмуни мазкур ба мустаҳкам намудани пойгоҳи моддию техникии китобхонаҳои шаҳрию вилоятӣ, ғанӣ гардонидан ва таъмин намудани ин китобхонаҳо бо миқдори зарурии адабиёти бадеӣ ва бачагона роҳандозӣ гардида, баҳри баланд намудани нуфузи китобхона ҳамчун ҷузъи муҳим ва ҷудонашавандаи раванди таълиму тарбия нигаронида шудааст.
Аъзои ҳакамон аз китобҳои хондаи довталабон пурсон шуда, ба нутқ, тарзи баён ва шарҳи дурусти китобҳои мутолиа намудаашон баҳо гузоштанд. Дар натиҷа 3 нафар иштирокчии ин озмун- Азизбегим Мавлододова аз ноҳияи Роштқалъа, Мижгонаи Давлат аз шаҳри Хоруғ ва Султон Шоҳзода Рауф аз ноҳияи Мурғоб соҳиби ҷои аввал шуда, барои ширкат дар озмуни ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






