«ҲАР ЯКИ МО – ТАВОНО!». Дар Душанбе Маъракаи миллӣ оид ба фарогирии масоили маъюбият баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 16.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилоти байналмилалии ЮНИСЕФ ва шарикон аз ҷомеаи шаҳрвандӣ Маъракаи миллӣ оид ба фарогирии масоили маъюбият таҳти шиори «Ҳар яки мо – тавоно!» баргузор мегардад.
Бояд гуфт, ки ҳадаф аз роҳандозии он ташвиқи эҳтиром ба ҳуқуқ ва шаъну шарафи кӯдакон, занон ва мардони маъюб, коҳиши доғгузорӣ ва рафъи тасаввуроти ғалат дар бораи маъюбият, инчунин бунёди ҷомеаи фарогир бо имконот барои ҳамагон мебошад.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар маросими расмии оғози маъракаи мазкур иштироки муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода, Ҳамоҳангсози доимии СММ Пратибҳа Меҳта, Намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Лучиано Калестини ва Сафири Япония дар Тоҷикистон Ҳаҷиме Китаока дар назар аст.
Ба иттилои манбаъ, дар ин маърака шахсони маъюб ҳунарнамоӣ мекунанд.
Бояд зикр намуд, ки Тоҷикистон моҳи марти соли 2018 Конвенсия оид ба ҳуқуқи маъюбонро ба имзо расонид, ки он барои дигаргуниҳои мусбат дар соҳаҳои қонунгузорӣ ва сиёсат заминаи мусоид фароҳам оварда, пешбурд ва ҳифзи ҳуқуқи шахсони маъюбро таъмин мекунад.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






