Ҳаракати нақлиёт аз буриши кӯчаи Бухоро то кӯчаи академик Раҷабовҳои пойтахт муваққатан қатъ гардид

Июль 28, 2018 09:29

ДУШАНБЕ, 28.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз соати 22:00-и  27 июли соли 2018 бинобар идома доштани  таъмиру навсозии  роҳи хиёбони Рӯдакии пойтахт  аз буриши  кӯчаи Бухоро («Телевизиони Сафина») то кӯчаи академик Раҷабовҳо ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт дар  минтақаи мазкур қатъ  гардид.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои  хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  самти ҳаракати хатсайри микроавтобусҳои № 1, 2, 13 ва 25 муваққатан тавассути кӯчаҳои Шевченко, Ҷалол Икромӣ бо баромад ба майдони Дӯстӣ, кӯчаи Теҳрон ва ҳаракати автобусҳои хатсайри № 3 ва 8 бо кӯчаҳои Ҷалол Икромӣ ва  Шевченко бо баромад ба кӯчаҳои С.Айнӣ, А. Лоҳутӣ, Беҳзод ва Мирзо Турсунзода ба роҳ монда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки  таъмири асосии  роҳи хиёбони Рӯдакии пойтахт, ки 27 июн шурӯъ гардид, то 5 августи соли равон ба анҷом мерасад. Корҳои таъмиру  навсозии роҳи хиёбони  мазкур  қитъа ба қитъа гузаронида мешавад. Бинобар  ин  дар ин давра дар  қитъаҳои  таъмиршавандаи роҳ   ҳаракати ҳама гуна намуди воситаҳои нақлиёт   муваққатан   қатъ гардида, он тавассути кӯчаҳои  ҳамшафат ба роҳ монда мешавад.

Июль 28, 2018 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад