Асабшиноси маъруфи Тоҷикистон Раҳматулло Раҳмонов аз олам даргузашт
ДУШАНБЕ, 11.07.2018. /АМИТ «Ховар» /. Субҳи имрӯз асабшиноси маъруфи Тоҷикистон, доктори илмҳои тиб, профессор Раҳматулло Раҳмонов дар синни 56-солагӣ аз олам даргузашт.
Раҳматулло Раҳмонов ба ҳайси ноиби президенти Академияи илмҳои тибби Тоҷикистон, сармутахассиси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ, раиси Ҷамъияти асабшиносони мамлакат «Нейрон», мудири кафедраи асабшиносӣ ва асосҳои ирсияти тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон фаъолият кардааст.
Марҳум яке аз олимон ва табибони беҳтарини кишварамон буда, мақолаҳои илмии ӯ дар нашрияҳои ватаниву хориҷӣ чоп шудаанд. Ӯ ҳамчунин узви кумитаҳои илмии симпозиумҳои байналмилалӣ интихоб шудааст. Маҳз бо ташаббуси ӯ бори нахуст дар давоми солҳои соҳибистиқлолии мамлакат чанд сол пеш дар шаҳри Душанбе бо иштироки асабшиносони Тоҷикистон, Россия, Қазоқистон, Гурҷистон ва дигар давлатҳо конфронси байналмилалӣ баргузор гардид, ки дар он роҳҳои муосири табобат ва ташхиси бемориҳои асаб баррасӣ шуданд.
Ҷамъияти «Нейрон», ки онро Раҳматулло Раҳмонов роҳбарӣ менамуд, айни ҳол тақрибан 600 нафар асабшиносони Тоҷикистонро муттаҳид намуда, бо ҳамкасбон аз кишварҳои гуногуни ИДМ, билхоса бо муассисаҳои соҳавии илмӣ ба монанди Маркази илмии асабшиносии Академияи илмҳои тибби Россия ҳамкории зич дорад. Ҷамъият яке аз муассисони Ташкилоти ассотсиатсияҳои байналмилалии асабшиносӣ ва нейроилмҳо мебошад. Бо дарназардошти он, ки асабшиносӣ дар соҳаи тиб самти муосири ба бемориҳои дилу рагҳо ва паталогҳои гуногуни системаи асаб нигаронидашуда мебошад, Раҳматулло Раҳмонов дар ин соҳа мутахассиси ноёби кишвари мо буд.
Ӯ дӯсти деринаи АМИТ «Ховар» буд ва ҳамеша бо хабарнигорони мо ҳамкорӣ дошт. Мо аз фавти бармаҳали Раҳматулло Раҳмонов сахт андӯҳгин буда, ба наздикону пайвандони марҳум изҳори ҳамдардии амиқ менамоем.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






