Ҳавопаймои Boeing 737-300-и «Тоҷик Эйр», ки ба мушкилоти техникӣ мувоҷеҳ гардида буд, имрӯз ба Душанбе расид
ДУШАНБЕ, 03.07.2018/АМИТ «Ховар»/. Ҳавопаймои Boeing 737-300-и ширкати миллии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр», ки 2 июл зимни парвоз дар хатсайри Москва-Хуҷанд ба мушкилоти техникӣ мувоҷеҳ гардида, дар фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Москва ба таври изтирорӣ нишаста буд, субҳи имрӯз соати 8:02 ба вақти маҳаллӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе фуруд омад.
Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти ширкати миллии ҳавонавардии «Тоҷик Эйр» Азиз Хайруллоев иттилоъ дод.
Мавсуф афзуд, ки «мутахассисони хадамоти техникӣ ҳавопайморо муоина доранд ва баъди маълум шудани натиҷаҳои ташхиси техникӣ мо маълумоти иловагиро дар бораи фаъолияти минбаъдаи ҳавопаймо пешниҳод менамоем».
Бояд тазаккур дод, ки 141 нафар мусофирони ҳавопаймои Boeing 737 – 300 марбут ба ширкати миллии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр», ки ба мушкилоти техникӣ рӯ ба рӯ шуданд, дар меҳмонхонаҳо ҷой карда шуда, бо хӯрок таъмин гардидаанд.
Интизор меравад, ки мусофирон тавассути хатсайри 646 бо ҳавопаймои Boeing 767 – 300 имрӯз соати 23:05 ба вақти Москва аз Москва ба Хуҷанд парвоз кунанд. Ҳавопаймои Boeing 767 – 300 соати 05:20 ба вақти маҳаллӣ дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд менишинад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






