Азизмамад Каримзода: «Дар шаш моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 8133 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор гардидааст»

Июль 20, 2018 15:48

ДУШАНБЕ, 20.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар  шаш моҳи  соли 2018 Кумитаи давлатӣ   ва  зерсохтори  он дар маҳал   8133 ҳолати вайронкунии  қонунгузории заминро  ошкор намуданд. Аз ин миқдор  нисбат ба 6771 ҳолат санаду қарорҳои ҷаримабандӣ қабул шудаанд, ки маблағи он 2 миллиону 633 ҳазору 465 сомониро ташкил медиҳад. Барои додани баҳои ҳуқуқӣ  553 мавод ба прокуратура, 257 мавод барои маҷбуран ситонидани маблағи ҷаримаҳо ба суд ирсол гардиданд. 5855 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шудааст. Ин маълумотро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ  муовини аввали раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Азизмамад Каримзода ба хабарнигорон пешниҳод намуд. 

Номбурда  ҳамчунин  зикр кард,  ки «агар   фаъолияти Кумитаро дар шаш моҳи соли 2018  таҳлил ва онро   бо ҳамин давраи соли 2017 муқоиса намоем, пас маълум мегардад, ки имсол 1818 адад  парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда,  барои додани баҳои ҳуқуқӣ 141 мавод зиёдтар  ба прокуратура  ирсол карда шудааст».

«Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   ба масъулин  доир ба пешгирии  вайронкунии  қонунгузории замин пайваста  дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд. Пешвои миллат, аз ҷумла, дар яке аз баромадҳояшон таъкид намуданд, ки «замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад».

Аз ин рӯ,  дар Кумитаи давлатӣ баҳри иҷрои  дастуру супоришҳои Сарвари давлат ва Стратегияи муқовимат ба коррупсия ба таври доимӣ дар байни кормандон ва аҳолӣ ҷиҳати пешгирии вайронкунии қонунгузории замин  корҳои назоратӣ, пешгирӣ, фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботӣ бурда мешаванд», — афзуд А. Каримзода.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

 

Июль 20, 2018 15:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст