Ба 322 нафар роҳхатҳои шикорӣ дода шуд,- бардошт аз нишасти матбуотии Агентии хоҷагии ҷангал
ДУШАНБЕ, 31.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. «Аз ҷониби Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ зиёда аз 8 хатсайри экологӣ фаъол ва тариқи воситаҳои ахбори омма мавзеъҳои сайёҳии ҳудудҳои табиии Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд. Бо ҷалби ширкатҳои сайёҳӣ машғулияти илмӣ – амалӣ дар мавзӯи «Нақши мавзеъҳои сайёҳии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дар рушди сайёҳӣ ва муаррифии табиати Тоҷикистон» гузаронида шуд. Бо мақсади ҳарчи бештар ҷалб намудани сайёҳон ба ин соҳа тамоми макони буду боши шикорчиён дар ҷумҳурӣ, ки бо номи «Хонаи шикорчиён» маълум аст, таъмиру навсозӣ шуданд», — чунин иброз дошт имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизулло Исматзода.
«Бунёд ва барқароркунии ҷангал яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи кормандони соҳаи хоҷагии ҷангал маҳсуб мешавад. Вобаста ба ин дар шаш моҳи соли 2018 корҳои бунёду барқароркунии ҷангал дар хоҷагиҳои ҷангали ҷумҳурӣ дар майдони 924, 3 гектар гузаронида шуд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 279, 3 гектар зиёд мебошад. Дар доираи татбиқи лоиҳаи «Мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим тавассути ҷангалпарварии устувор дар ҳавзаҳои муҳими обҷамъкунии дарёҳо дар Тоҷикистон» дар ҳудуди заминҳои фонди давлатии ҷангали муассисаҳои давлатии хоҷагиҳои ҷангали ноҳияҳои Фархор, Ховалинг, Ванҷ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баҳори соли 2018 дар майдони 918 гектар корҳои бунёд ва барқароркунии ҷангал гузаронида шуд. Дар хоҷагиҳои мазкур асосан ниҳолҳои писта, чормағз, сафедор, бед, хуч, ангат, зардолу, бодом, олуча, себ, нок, қарағоч, санҷид ва дигар намудҳои ниҳолҳо шинонида шудаанд, ки ҳолати сабзиши онҳо муътадил мебошад»,- илова кард А. Исматзода.
Дар нишасти хабарӣ ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби мутахассисони Агентӣ нисбат ба шикори ҳайвоноту паррандагон назорати ҷиддӣ бурда мешавад. Тибқи қонунгузории соҳа, шикор дар мавсим ва муҳлатҳои муқарраргардида гузаронида шуд. Дар ин давра ба 322 нафар шикорчиён роҳхатҳои шикорӣ дода шуд, ки аз ин ҳисоб ба Агентӣ ва хоҷагиҳои зертобеи он 10 ҳазору 252 сомонӣ маблағ ворид гардид.








Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст






