БАҚИЯИ ҚАРЗИ АНДОЗ МЕАФЗОЯД. Ё чаро баъзе ширкату корхонаҳои ноҳияи Восеъ бемасъулиятӣ зоҳир менамоянд?!

Июль 14, 2018 12:26

ВОСЕЪ, 14.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Яке аз сарчашмаҳои асосии буҷет сари вақт ҷамъоварӣ намудани  андоз ва иҷро гардидани нақшаи  қисми даромади он ба шумор меравад. Ин самт, пеш аз ҳама, аз фаъолияти корхонаву ташкилотҳо, корхонаҳои саноатӣ, хоҷагиҳои деҳқонию инфиродӣ ва дигар андозсупорандагон вобастагӣ дорад. Вале на ҳамеша ва на ҳама андозсупорандагон дар ин бора эҳсоси масъулият мекунанд. Дар ин бора – гузориши хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймони ХОЛ аз ноҳияи Восеъ.

Мутаассифона, бақияи қарзи андоз дар ноҳияи Восеъ сол аз сол  дар ҳоли афзоиш  қарор дорад, ки ин аз бемасъулиятӣ ва фориғболии аксар роҳбарони ташкилоту муассисаҳо дарак медиҳад.

Тавре  сардори нозироти андози ноҳия Зафар Авазов  ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод,  бақияи қарзи андоз дар ноҳия то санаи 1 июни соли равон ба 7 миллиону 904 ҳазору 414 сомонӣ расида, сабаби мушкил гардидани нақшаи ҳармоҳаи ҷамъоварии андоз гардидааст. Шумораи бештари андозсупорандагонеро мисол овардан мумкин аст, ки  ҳазорҳо  сомонӣ аз андоз қарздоранд, аммо дар ин самт андеша намекунанд.

Имрӯз боло рафтани қарзи андоз бештар аз ҳисоби Кооперативи тиҷоратии «Бузургмеҳр», ЧДММ «Осиё-12», ҶСП «Восеъ», Кооперативи  истеҳсолии «Хуҷамуъмин», ҶДММ «Азиз-1» Кооперативи тиҷоратии «Бахт-82», ҶДММ «Баракат», Кооперативи  тиҷоратии «Ҳулбук», ҶДММ «Хутал» ва дигар ширкатҳои бонуфузе мебошад, ки онҳо метавонанд аз ҳисоби истеҳсолоти корхонаҳо ва даромади заминҳои кишоварзӣ нақшаи андозро барзиёд иҷро намоянд.

Аммо, баръакси ҳол, бақияи қарзи андоз аз ин ҷамъиятҳо аз 100 то 500 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Гуфта мешавад, ки  дар  ин самт чандин маротиба аз ҷониби масъулини нозироти андоз  ба роҳбарияти ҷамъиятҳо огоҳнома ирсол гардид, вале мутаассифона, дигаргуние дида нашуд.

Манбаъ афзуд, ки дар ҳолати сари вақт пардохт накардани бақияи қарзи андоз онҳо рӯзҳои наздик ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат мекунанд.

Июль 14, 2018 12:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст