Ба Осорхонаи вилояти Суғд беш аз 100 адад ашёи таърихӣ ворид гардид

Июль 13, 2018 10:35

ХУҶАНД, 13.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Аз оғози соли равон бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба хазинаи Осорхонаи вилояти Суғд 101 адад ашёи дорои аҳамияти таърихӣ-фарҳангӣ ворид гардид. Ин бозёфтҳои таърихӣ аз сандуқ, чархдег, чархи ресмонресӣ, зарфҳои сафолин, лавҳаҳо, сӯзаниҳо, сиккаҳо, гӯшвора ва дигар ашё иборат буда, миёни онҳо нодиртаринашон ҳайкалчаи сафолӣ (терракота) аз давраи тоисломӣ, яъне асрҳои V-VIII, тағораи сафолии охири асрҳои XIX-аввали асри XX ва чароғи сиёҳ ( ҷинчароғ, сиёҳчароғ) мебошанд.

Ба иттилои хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар», имрӯзҳо маъмурияти Муассисаи давлатии Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» ҷиҳати татбиқи «Барномаи давлатии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ дар солҳои 2012-2020» дар самти ҷамъоварии нигораҳо аз аҳолӣ ва ғанӣ гардонидани маъхази осорхона бо намунаҳои беҳтарини осори таърихию фарҳангӣ тадбирҳои судманд меандешад.

Бояд гуфт, ки ин тадбирҳо барои ҷалби бештари  сайёҳон ба вилоят роҳандозӣ мегарданд.

Дар ин радиф, аз ҷониби кормандони шуъбаи дастхатҳои осорхона барои муайян намудани навиштаҷоти ҳуруфоти форсӣ – арабӣ дар рӯйи санг, чӯб, асбобҳои рӯзгор, сафолакҳо ва сиккаҳои қадимӣ дар ин давра 20 адад тавсифоти илмии китобу дастхатҳои воридгардида низ пурра таҳия гардидаанд.

Ёдовар мешававем, ки аз оғози соли равон аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Хуҷанд ба номи академик Н.Неъматов ва Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ  45 682 нафар тамошобинон дидан намудаанд, ки аз он 1236 нафарашон сайёҳони хориҷи дур ва 472 нафар аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошанд.

Июль 13, 2018 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд