Ба шаҳри Хуҷанд 25 адад автобусҳои замонавии истеҳсоли Россия ворид карда шуданд
ДУШАНБЕ, 24.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ба шаҳри Хуҷанд ҷиҳати беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонӣ ва аз байн бардоштани мушкилоти мавҷуда 25 адад автобусҳои замонавии истеҳсоли Федератсияи Россия ворид карда шуданд.
Тавре аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин иқдом бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд» бо маблағгузории Бонки аврупоии таҷдид ва рушд амалӣ гардид.
Таъкид шуд, ки бо татбиқи пурраи лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд» ба маркази вилоят дар маҷмӯъ 100 адад автобус ворид карда мешаванд. Дар марҳилаи аввал 25 автобус оварда шуд. Татбиқи лоиҳаи мазкур ва харидории нақлиёти мусофиркашон ба беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонӣ ба мусофирон мусоидат хоҳад кард.
Автобусҳои воридшуда ҷавобгӯи талаботи замони муосир буда, ҳар кадоми он дар як вақт метавонад беш аз 70 мусофирро ба манзил расонад.
Тибқи иттилои масъулин, автобусҳо дар 10 хатсайр ҳаракат мекунанд.










Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






