Барои вайрон намудани қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ нисбат ба 55 соҳибкор протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуд

Июль 31, 2018 11:30

ДУШАНБЕ, 31.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар рафти як рейди муштараки Сарраёсати назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Раёсати Вазорати корҳои дохила дар вилояти Хатлон дар яке аз бозорҳои муваққатие,  ки дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Хуросон фаъолият дорад, қонунвайрокуниҳои зиёд ошкор карда шудааст. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои Сарраёсати назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон, дар доираи супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ  ва таъмини амнияти санитарию эпидемиологӣ як рейди муштарак бо Раёсати Вазорати корҳои дохила дар вилояти Хатлон дар бозори   ҷамоати деҳоти Уялӣ низ гузаронида шуд.

Дар рафти санҷиш маълум гардид, ки қисме аз соҳибкорон дар ҳолати ғайрисанитарӣ ва бо вайрон намудани қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ ба фурӯши маҳсулоти хӯрока машғул шудаанд. Мутахассисони Сарраёсат ҳангоми санҷиш 232 кг маҳсулоти гӯштӣ ва 90 литр обҳои ташнашикан ва маҳсулоти ширӣ (дуғоб), ба талаботи санитарию эпидемологӣ ҷавобгӯ набударо аз муомилот гирифтаанд.

Инчунин барои вайрон намудани қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ нисбат ба 55 нафар соҳибкорон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода, ба маблағи 3,2 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд. Ғайр аз ин, фаъолияти  9 иншооти хӯроки умумӣ, аз ҷумла 2 ошхона, 1 дӯкони самбӯсапазӣ, 4 нуқтаи тезтаёр, 2 нуқтаи фурӯши маҳсулоти гӯштӣ боздошт карда шудаанд.

Бино ба иттилои манбаъ,   ба хотири ҳифзи саломатии аҳолӣ дар оянда низ  чунин рейдҳои муштарак бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гузаронида мешавад.

Июль 31, 2018 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд