Баррасии парвандаҳо аз ҷониби судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ афзоиш ёфтааст

Июль 26, 2018 13:25

 ДУШАНБЕ, 26.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Баррасии парвандаҳо аз ҷониби судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар гардидааст, ки сабаби он боло рафтани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва зиёд шудани субъектҳои хоҷагидорӣ аст. Қаблан вақте баъзе аз ҳуқуқҳои шаҳрвандон поймол мешуд, сокинон аз сабаби надонистани қонун ва ҳуқуқҳои худ ба судҳо муроҷиат намекарданд. Аммо имрӯз маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон боло рафта, ҳар баҳси ба миён меомада тариқи судҳо ҳалли худро меёбад.

Ин нукта 26 июли соли равон зимни нишасти матбуотӣ аз ҷониби раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлуда Қаландарзода баён гардид. Дар шашмоҳаи аввали соли равон ба судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ 1829 адад парвандаҳо ворид гардидаанд, ки аз он 807 парванда бо баровардани ҳалнома ҳал, 93 парванда қатъ, 70 аризаҳо бе баррасӣ мононда шуда, 4 парванда аз рӯйи тобеият ирсол карда шуданд.

«Дар ин давра 1558 парванда дар марҳилаҳои якум, кассатсионӣ ва назоратии судҳои иқтисодӣ баррасӣ гардиданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 155 парванда зиёд мебошад. Сабаби зиёд шудани баррасии парвандаҳо боло рафтани маърифати ҳуқуқии сокинон мебошад»,-иброз намуд Мавлуда Қаландарзода.

Инчунин гуфта шуд, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби судҳои иқтисодӣ ба буҷаи ҷумҳурӣ 9,7 миллион сомонӣ ҳамчун маблағҳои боҷи давлатӣ ва зарари ба давлат расонидашуда ворид карда шудааст. Ғайр аз ин бо санадҳои судии судҳои иқтисодӣ ба фоидаи давлат ба маблағи 3.3 миллион сомонӣ ва беш аз 162 ҳазор доллар боҷи давлатӣ рӯёнида шудааст, ки таъмини он зери назорат аст.

Июль 26, 2018 13:25

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад