БДА дар Душанбе дар як ҳафта шаш ронандаи мастро боздошт намуд
ДУШАНБЕ, 11.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби кормандони шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе дар як ҳафтаи охир дар ҳудуди шаҳри Душанбе беш аз 3 ҳазор ҳолати вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ошкор гардиданд.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Раёсати мазкур хабар доданд, дар натиҷаи татбиқи маҷмӯи чорабиниҳои мақсаднок ҳафтаи сипаришуда, яъне аз 1 то 8 июли соли равон, дар ҳудуди шаҳри Душанбе 3301 ҳолати вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ошкор ва нисбат ба ронандагону дигар иштирокчиёни ҳаракат маводи маъмурӣ тартиб дода шуд.
Аз ҷумла, 6 ҳолати вайронкунии қоидаҳои ҳаракат зимни идораи воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ, 152 ҳолати баланд намудани суръати ҳаракати воситаи нақлиёт аз меъёри муқарраршуда, 133 ҳолати истифода бурдани телефони мобилӣ ҳангоми идора намудани воситаи нақлиёт, 304 ҳолат аз меъёри муқаррарӣ зиёд савор намудани мусофирон ва дигар намудҳо мебошанд.
Ба иттилои манбаъ, гарчанде ҷавобгарӣ барои дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаи нақлиёт вазнин гардида бошад ҳам, вале ҳанӯз ҳам ронандагоне пайдо мешаванд, ки талаботи қонуни амалкунандаро нодида гирифта, дар ҳолати мастӣ воситаи нақлиётро идора менамоянд.
Ин амал ҳам ба ҷони ронанда ва ҳам пиёдагардон хатари маргбор дорад.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






