«БО САЪДӢ БОШ…». Дар байни ҷавонон озмуни адабии саъдихонӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 19.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Боғи фарҳангию фароғатии «Ҷавонон» бо ташаббуси Клуби волонтёрон ва маҳфили адибони ҷавони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барнома – озмуни адабии саъдихонӣ таҳти унвони «Бо Саъдӣ бош, то умри саъдиёна бубинӣ!» баргузор карда шуд.
Тавре аз Кумитаи мазкур хабар доданд, дар озмуни мазкур беҳтарин ҷавонони ғазалсарову саъдихон, аз ҷумла волонтёроне, ки ба адабиёт завқ доранд, иштирок намуданд.
Дар маҳфил ду даста — «Гулистон» ва «Бӯстон» бо ҳам рақобат намуданд. Бо хулосаи ҳакамон ҳар ду даста соҳиби 98-холӣ дониста шуда, бо сипосномаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.
Зикр карда шуд, ки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар роҳи дарёфту муаррифии истеъдодҳои ҷавон пайваста кӯшиш мекунад ва баргузориии озмуни саъдихонӣ далели ин гуфтаҳост.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






