Бонки миллии Тоҷикистон меъёри бозтамвилро бетағйир дар сатҳи 14 фоизи солона нигоҳ медорад
ДУШАНБЕ, 30.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати бетағйир дар сатҳи 14,0 фоизи солона нигоҳ доштани меъёри бозтамвил қарор қабул кард.
Тавре аз Бонки миллӣ хабар доданд, қарори мазкур бо дарназардошти вазъи нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвар, раванди таваррум ва дурнамои он, хавфҳои эҳтимолии таъсиррасон, ҷиҳати нигоҳдоштани сатҳи таваррум дар давраи миёнамуҳлат дар ҳудуди нишондиҳандаи мақсадноки 7,0 фоиз (+/-2%) қабул гардид.
Бино ба маълумоти Бонки миллӣ, аз аввали соли 2018 сатҳи таваррум тамоюли муътадилро дошта, дар моҳи июни соли 2018 таварруми солона 1,6 фоизро ташкил дод, ки асосан аз ҳисоби коҳишёбии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ ба вуқӯъ пайваст.
Тамоюли пасттари таваррум нисбат ба ҳадафи мақсаднок бештар аз ҳисоби арзоншавии нархи маҳсулоти серистеъмоли аҳолӣ сурат гирифт. Омилҳои асосии таъсиррасон, ки боиси коҳишёбии назарраси таварруми солона гардид, бо дарназардошти таъсири омили пешниҳодот, аз он ҷумла афзоиши истеҳсолу таклифоти маҳсулоти хӯрокворӣ, ки тадриҷан ба мувозинатии бозори истеъмолии хӯрокворӣ мусоидат кард, алоқамандӣ дорад. Дар навбати худ, татбиқи сиёсати пайгиронаи монетарӣ ба коҳишёбии интизориҳои таваррумии аҳолӣ мусоидат намуд.
Тавре таҳлилҳо нишон медиҳанд, сатҳи таварруми аслӣ, ки тамоюли дарозмуддати нархҳоро бе таъсири лаппишҳои кӯтоҳмуддат инъикос менамояд, муътадил боқӣ монда, бо арзёбии солона ба 1,5 фоиз расид. Ин нишондод аз маҳдуд будани таъсири омилҳои монетарӣ ба таваррум гувоҳӣ медиҳад.
Тибқи дурнамо, пешбинӣ мегардад, ки тамоюли поёнравии таварруми солона хусусияти кӯтоҳмуддат ва мавсимӣ дошта, сатҳи он то интиҳои сол ба ҳадафи муқаррашуда (7,0% ±2 б.ф.) наздик хоҳад шуд. Ба ин, пеш аз ҳама, тадриҷан паст шудани таъсири омилҳои болозикр мусоидат хоҳад кард.
Гарчанде таваррум дар сатҳи муътадил пешбинӣ шуда бошад ҳам, вобаста аз таъсири омилҳои хусусиятҳои берунӣ ва дохилӣ дошта, тағйирёбии раванди қурби асъор, эҳтимолияти таъсири манфии фишорҳои мазкур ба устувории таваррум ва дигар нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ мавҷуданд. Бахусус, шиддатнокии вазъи геосиёсӣ ва номуайяниҳо дар минтақа боиси болоравии нархи ҷаҳонии маҳсулоти воридотӣ гашта, метавонад ба вазъи иқтисодии кишвар таъсир расонад.
Ҳамзамон, болоравии меъёри фоизи сиёсати монетарии Низоми Захиравии Федералии ИМА, инчунин афзоиши воридот дар ҷумҳурӣ, эҳтимолияти ба амал омадани фишорҳои қурбӣ мегардад.
Бинобар ин, ҷиҳати коҳиш додани таъсири хавфҳои таваррумӣ, дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани интизориҳои таваррумӣ ва раванди муътадили сатҳи нархҳо дар давраи миёнамуҳлат, меъёри бозтамвил бетағйир дар сатҳи 14 фоизи солона нигоҳ дошта мешавад.
Бонки миллии Тоҷикистон минбаъд низ татбиқи сиёсати пайгиронаи пулию қарзиро ҷиҳати ноил гардидан ба сатҳи муътадили нархҳо дар давраи миёнамуҳлат идома дода, дар мавриди маҳдуд гаштани хавфҳои таваррумӣ эҳтимолияти таҷдиди назар гардидани меъёри бозтамвил бо дарназардошти баҳодиҳии хавфҳои таваррумӣ, раванди таваррум ва дурнамои он дар ҷаласаҳои навбатии Кумита баррасӣ хоҳад кард.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






