Бонувони ихтироъкори тоҷик дар Кореяи Ҷанубӣ бо медалҳои тиллою нуқра сарфароз гардиданд
ДУШАНБЕ, 05.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 11 –умин намоишгоҳ ва Форуми занҳои ихтироъкори ҷаҳон, ки аз 28 июн то 1 июл дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ баргузор гашт, 9 адад ихтирои бонувон-ихтироъкорони ҷумҳуриро пешниҳод намуд. Ин бонувон аз ҷониби Кумитаи тадорукот бо 4 медали тилло, 4 нуқра ва 1 биринҷӣ қадрдонӣ шуданд.
Аз ҷумла, номзади илмҳои кимиё, дотсент, мудири кафедраи «Пайвастҳои калонмолекулӣ ва технологияи химиявӣ»-и факултети кимиёи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сурайё Тағоева барои ихтироъ дар соҳаи кимиё бо номи «Эфири этилии 2- атсетил — 4- ҳидрокси – 5 — бутилокси кислотаи пентан ҳамчун маводи хушбӯй», номзади илмҳои техникӣ, дотсенти кафедраи «Физиологияи муқаррарӣ»-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Фариза Ҳалимова барои ихтироъ дар соҳаи тиб бо номи «Тарзи пешгӯии вайроншавии саломатии репродуктивӣ», номзади илмҳои кимиё, устоди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ Зумрат Ғайбуллоева барои ихтироъ дар соҳаи металлургия бо номи «Тарзи истихроҷи сурб аз консентратҳои полиметаллии сулфидӣ», ассистент, аспиранти кафедраи «Кимиёи фармасевтӣ ва токсикология»-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Мижгона Шуҳратзода барои ихтироъ дар соҳаи тиб бо номи «Метрарги фаъолияти зиддимикробӣ зоҳиркунанда» соҳиби медалҳои тилло, номзади илмҳои тиб, корманди Маркази колопроктологияи шаҳри Душанбе Раъно Қаҳҳорова барои ихтироъ дар соҳаи тиб бо номи «Малҳами бензой барои табобати раванди илтиҳоби фасодӣ”, номзади илмҳои кимиё, устоди кафедраи кимиёи органикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маина Султонмамадова барои ихтироъ дар соҳаи кимиё бо номи «Эфири 1,2-пропан-диоли туршобаи 3α,7β- дигидрокси холонат ба сифати маводи холелитолитикӣ ва гипохолестиеринӣ», лаборант –духтури клиникии Институти гастроэнтерологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Замира Расулова барои ихтироъ дар соҳаи тиб бо номи «Маводи «Фитазид» дорои таъсири зиддимикробӣ», духтури ҷарроҳ Шабнам Муродова барои ихтироъ дар соҳаи тиб бо номи «Тарзи ташхиси лапароскопии дараҷаи долихосигма» соҳиби медалҳои нуқра ва номзади илмҳои кимиё, дотсент, ходими пешбари илмии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Кимиё Мабадқадамова барои ихтироъ дар соҳаи кимиё бо номи «Тарзи сайқалдиҳии электролитии маснуоти тиллогӣ» соҳиби медали биринҷӣ гардид.
Бояд гуфт, соли ҳафтум аст, ки ихтироъҳои бонувони тоҷик дар намоишгоҳ ва Форуми занҳои ихтироъкори ҷаҳон дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ дар сатҳи байналмилалӣ қадрдонӣ карда мешаванд.








Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад






