БОЗЁФТҲОИ ТАЪРИХИИ НАВРАСОН! Ашёҳои нодири таърихии дарёфткардаашонро онҳо ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон тақдим намуданд
ДУШАНБЕ, 18.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Як гурӯҳ хонандагони ноҳияи Рӯдакӣ якчанд ашёи таърихиеро, ки аз ҳудуди ноҳияи мазкур бозёфт намуданд, ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҳадя карданд.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Осорхона хабар доданд, хонандагони синфи 6-и мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №118-и ноҳияи Рӯдакӣ Умед Азизов, Юсуф Саидов, Шарифхуҷа Шарифов ва хонандаи мактаби №110-и шаҳри Санкт-Петербург Андрей Нилов нафароне мебошанд, ки якчанд ашёи таърихиро бозёфт намуда, ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон супориданд.
Ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи таҳқиқ ва пажӯҳиши мутахассисони соҳа муайян гардид, ки ашёи ёфтгардида аз зарфҳои сафолии мунаққаш иборат буда, мансуб ба асрҳои миёна мебошанд. Роҳбарияти Осорхонаи миллии Тоҷикистон ин амали хонандагонро қадрдонӣ намуда, онҳоро бо ифтихорномаҳо сарфароз гардониданд.
“Дарвоқеъ, ин амали хонандагон боиси таҳсин буда, мебояд барои дигарон намунаи ибрат бошад. Зеро ҷамъоварӣ ва ҳифз намудани бозёфтҳои таърихӣ яке аз вазифаҳои асосии шаҳрвандон мебошад”,-зикр намуд манбаъ.









Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






