Чаро шаҳрвандон бештар ба ҳокимияти судӣ муроҷиат менамоянд?
ВАҲДАТ, 18.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Суди шаҳри Ваҳдат соли равон 2549 адад парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ, оилавӣ ва маъмуриро баррасӣ намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 197 парванда зиёд аст.
Тибқи иттилои Раиси Суди шаҳри Ваҳдат Сайфиддин Камолзода, аз парвандаҳои баррасишуда 987 адад парвандаи оилавӣ ва 775 адад парвандаҳои маъмурӣ мебошанд.
Ба андешаи масъулин, яке аз сабабҳои бештар ба ҳокимияти судӣ муроҷиат намудани шаҳрвандон — ин баланд гардидани маърифати ҳуқуқии онҳо мебошад, ки ба адолати судӣ бовар намуда, мехоҳанд мушкилоташон бартараф гардад.
Сайфиддин Камолзода мегӯяд, ки сабаби асосии зиёд ба қайд гирифтани парвандаҳои оилавӣ — ин аз ҳам ҷудо гардидани оилаҳои ҷавон ва муроҷиати занон барои гирифтани алименти кӯдаконашон мебошад.
Ҳамчунин имсол бо кӯшишу маслиҳати судманди судяҳо зимни баррасии парвандаҳои оилавӣ се оилаи ҷавон барқарор гардиданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






