Чин шумораи бурсияҳоро барои шаҳрвандони Тоҷикистон зиёд намуд

Июль 24, 2018 15:42

ДУШАНБЕ, 24.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои рушди маориф 23 июл дар мулоқоти муовини Вазири маориф ва илми ҶТ Сайфиддин Хайриддин ва муовини раиси Котиботи бурсиявии Ҷумҳурии Мардумии Чин Петер Ванг Шенганг баррасӣ гардиданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот зикр гардид, ки айни ҳол дар Ҷумҳурии Мардумии Чин беш аз 3000 нафар донишҷӯёни тоҷик таҳсил менамоянд. Агар соли таҳсили 2017-2018 Ҷумҳурии Мардумии Чин барои донишҷӯёни тоҷик 300 бурсия ҷудо карда бошад, он гоҳ дар соли таҳсили 2018-2019 шумораи онҳоро ба 350 адад расонд. Ин раванд аз рушди ҳамкорӣ дар соҳаи маориф шаҳодат медиҳад.

«Дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон марказҳои илмӣ-фарҳангии Конфутсий фаъолият менамоянд, ки дар онҳо донишҷӯёни тоҷик ба омӯхтани забон, фарҳанг, расму оин ва анъанаҳои халқи Чин машғул мебошанд», — гуфт С. Хайриддин.

Ҷонибҳо таҳкими бештари ҳамкории дуҷонибаро ба хотири рушди илм ва маорифи ҳарду кишвар таъкид намуданд.

Июль 24, 2018 15:42

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд