«ЧУ БИНӢ ЯТИМЕ САР АФКАНДА ПЕШ…». Раиси шаҳри Исфара рӯзи якшанбе ба дидорбинии тарбиятгирандагони Хонаи бачагони шаҳраки Шӯроб рафт

Июль 18, 2018 14:21

ДУШАНБЕ, 18.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Раиси шаҳри Исфара Сиҷоуддин Саломзода рӯзи якшанбеи 15 июл ба дидорбинии 34 нафар тарбиятгирандагони Хонаи бачагони шаҳраки Шӯроб рафт, ки айни замон дар лагери «Оташак» истироҳат доранд. Дар ин бора котиби матбуотии Раиси шаҳр Иқбол ТЕШАЕВ дар саҳифаи худ дар шабакаи Фейсбук навиштааст.

Бино ба ин нигошта, шаҳрдори Исфара тайи як соате, ки дар лагер қарор дошт, бо якояки тарбиятгирандагон дар алоҳидагӣ суҳбату нисбати онҳо меҳрубонӣ намуд, падарвор сари онҳоро сила ва ҳолпурсӣ кард, онҳоро ба омӯзиши илму дониш, касбу ҳунар ва роҳи рости зиндагӣ ҳидоят намуд.

Раиси шаҳр ҳамчунин вазъи буду бош, шароити истироҳату фароғати кӯдаконро шахсан санҷидаю ба масъулин ҷиҳати беҳтар намудани вазъи зиндагӣ ва сифати ғизои кӯдакон ба роҳбарияти Хонаи бачагон ва маъмурияти ҶСШК «Ангишт», ки лагери «Оташак» мансуб ба онҳост, дастурҳои мушаххас дод.

Гуфта мешавад, ки шодию нишоти кӯдаконро аз ин ташриф ва суҳбатҳои самимона бо шаҳрдор ва шириниҳои ҳадяовардаи ӯ ҳадду канор набуд.

Кӯдакон дар навбати худ дар ҳузури  Раиси шаҳр дар ситоиши Ватан шеъру таронаҳо қироат карданд.

Сиҷоуддин Саломзода бо камоли майл ҳамроҳ бо кӯдаконе, ки хоҳиши барои хотира ҳамроҳ бо ӯ сурат гирифтан доштанд, аксбардорӣ намуд.

«Ростӣ, дар тасвири он лаҳзае, ки Нодираю Абӯбакр дар ситоиш ва бо ёди падару модар суруд мехонданд, руҳияи ширкатдорони суҳбат, алахусус кӯдаконе, ки бо амри тақдир аз меҳри падариву модарӣ маҳрум гаштаанд, қалам оҷизӣ мекашад…», — навиштааст дар интиҳо Иқбол Тешаев дар навиштаи худ, ки ба он «Чу бинӣ ятиме сар  афканда пеш…» ном ниҳодааст. Манзури ӯ, албатта, ин мисраҳои шоир аст:

Чу бинӣ ятиме сар афканда пеш,
Мадеҳ бӯса бар рӯи фарзанди хеш.
Ало то нагиряд, ки арши азим,
Биларзад ҳаме, чун бигиряд ятим.

Мавриди зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 12 майи соли равон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеа роҳбарон, хизматчиёни давлатӣ, соҳибкорон ва сойири мардумро ба кӯмак кардан ба ятимону беморон, пиронсолону ниёзмандон ва дигар амалҳои неку созанда даъват намуда, чунин иброз доштанд: «Чунин рафтори саховатмандона, бешубҳа, аҳаммияти бузурги маънавию ахлоқӣ ва тарбиявӣ дошта, дар айни замон ба густариши раҳму шафқат дар байни аъзои ҷомеа, таҳкими муносибатҳои нек миёни одамон ва то андозае ба ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ мусоидат мекунад».

Июль 18, 2018 14:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси вилояти Хатлон дар Қазоқистон бо ҳамватанон ва соҳибкорони тоҷик вохӯрӣ намуд
Дар марказҳои таълимии шаҳри Кӯлоб аз рӯи 52 касбу ихтисос мутахассис омода карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба муносибати қабули ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло
Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест
Дар Бохтар бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ аксияи ҳизбии «Тақдими варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон» баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид
Суратгузориш аз ҷараёни баргузории Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон дар Қазоқистон