Дар Бадахшон 759 ҳолати вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ошкор карда шуданд

Июль 6, 2018 10:39

ДУШАНБЕ, 06.07.2018/АМИТ «ХОВАР»/.  Аз ҷониби кормандони шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 19 июн то 4 июли соли равон зимни гузаронидани санҷишҳо 759 ҳолати вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ  ошкор карда шуда, 114 адад воситаҳои нақлиёт аз муоинаи ҳатмии давлатии техникӣ гузаронида шуданд.

Тавре аз Раёсати мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ғайр аз ин нисбат ба 190 нафар ронандагоне, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намекарданд, чораҳои ҷазои маъмурӣ ва санадҳои маъмурӣ оид ба вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ татбиқ карда шуданд. Аз ин нафарон ба маблағи 10 ҳазору 950 сомонӣ ҷарима ситонида шуда, воситаҳои нақлиёташон дар ҷаримагоҳ нигоҳ дошта шуданд.

Ҳамзамон дар ин муддат аз тарафи кормандони шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар вилоят бо теъдоди зиёди ронандагони ҷавон оид ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуданд.

Июль 6, 2018 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад