Дар Беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода шуъбаи бемориҳои сироятии кӯдакона ба истифода дода мешавад
ДУШАНБЕ, 09.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 10 июли соли равон бо иштироки роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оҷонсии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) маросими ифтитоҳи шуъбаи бемориҳои сироятии кӯдаконаи Беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода баргузор мегардад.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, шуъбаи беморхонаи мазкур бо дастгирии Оҷонсии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) таъмир гардида, бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд.
Дар натиҷаи амалӣ гардидани ин лоиҳаи ТИКА ошёнаи сеюми беморхона, ки бо сабаби муҳайё набудани шароити зарурӣ истифода намешуд, мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.
Бояд гуфт, ки татбиқи лоиҳаи мазкур имконият дод, ки иқтидори беморхона афзуда, шуъбаи бемориҳои сироятии кӯдакона бо 33 ҷойи хоб ташкил гардад.
Инчунин зикр карда шуд, ки дар шуъбаи мазкур бағайр аз ҳуҷраҳои беморон, инчунин ҳуҷраи нигоҳубини шадид, ҳуҷраи ёрии таъҷилии тибби, ҳуҷраҳо барои духтурон ва ҳамшираҳо мавҷуданд. Ҳангоми таъмир масолеҳи сифати баланд истифода шуда, қисми зиёди таҷҳизот аз Туркия оварда шудаанд.










Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






