Дар Бишкек вохӯрии чоруми роҳбарони мақомоти олии аудити Созмони Ҳамкории Шанхай доир гардид

Июль 5, 2018 13:50

ДУШАНБЕ,  05.07.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Дар пойтахти Қирғизистон- шаҳри Бишкек мулоқоти чоруми роҳбарони мақомоти олии аудити кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай /СҲШ/ доир гардид, ки дар он мамлакати моро раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон  Қарахон Чиллазода намояндагӣ кард.

Роҳбарони  мақомоти олии аудити кишварҳои СҲШ  дар мулоқот масъалаҳои  марбут ба проблемаҳо ва дурнамои  рушди аудити давлатӣ, самаранок истифода намудани  маблағҳои буҷетӣ ҳамчун дастгоҳи муҳими идоракунии давлат, нақш ва ҷойгоҳи мақомоти олии аудит дар сиёсати иҷтимоии давлат  ва дигар масълаҳои марбут ба рушди соҳаро баррасӣ намуданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ роҳбарони мақомоти олии назорати молиявии  кишварҳои аъзои СҲШ бо мақсади рушди ҳамкорӣ як қатор  санадҳо, назири  Низомнома оид ба ҳамкории техникии мақомоти олии аудити давлатҳои аъзои  СҲШ, нақшаи чорабиниҳо дар доираи ҳамкории   мақомоти олии аудити  давлатҳои аъзои СҲШ  барои солҳои 2018-2019  ва изҳороти муштарак  оид ба ҷамъбасти мулоқоти чоруми роҳбарони мақомоти олии аудити кишварҳои СҲШ-ро ба имзо расониданд.

Июль 5, 2018 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад