Дар Бонки миллии Тоҷикистон бо таҳлилгарони Агентии байналмилалии рейтингии «Standard & Poor’s» мулоқот доир шуд
ДУШАНБЕ, 20.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо таҳлилгарони Агентии байналмилалии рейтингии «Standard & Poor’s» Тревор Куллинан ва Шоҳрух Темуров, ки барои оғози раванди интишори навбатии рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари корӣ дар шаҳри Душанбе қарор доранд, мулоқоти корӣ анҷом дод.
Тавре аз Бонки миллӣ хабар доданд, дар мулоқот муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев таваҷҷуҳи намояндагони Агентии «Standard & Poor’s»-ро ба пешбурди сиёсати иқтисодии мамлакат, идоракунии захираҳои байналмилалӣ, татбиқи босамари сиёсати пулию қарзӣ, сиёсати фискалӣ ва қарзи берунаи давлатӣ, бозори коғазҳои қиматнок, барориши евробондҳо бо ҷалби сармояи хориҷӣ, рушди бахши воқеии иқтисодиёт, таъмини суботи молиявӣ, вазъи низоми бонкии кишвар, татбиқи ислоҳот дар ин самт ва тадбирҳои минбаъда ҷалб намуд. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки дар натиҷаи андешидани як қатор тадбирҳои судманд дар ин давра, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқоиса бо кишварҳои минтақа ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.
Инчунин Ҷ.Нуралиев таъкид кард, ки зимни истифодаи индикаторҳои рейтингӣ ба инобат гирифтани раванди тамоюли рушд дар бахшҳои муҳими иқтисодиёт бо мақсади муайян кардани эътибору нуфузи кишвар нақши назаррас дорад.
Ҳамчунин аз ҷониби коршиноси Агентии байналмилалии рейтингии «Standard & Poor’s» Тревор Куллинан методологияи гузаронидани рейтинг ва омилҳои асосии муайянкунии он, аз ҷумла, аз рӯи нишондиҳандаҳои суботи молиявӣ, сиёсати фискалӣ, сиёсати пулию қарзӣ, низоми бонкӣ, сатҳи некуаҳолӣ ва нишондиҳандаҳои қарзи давлатӣ маълумот дода шуд.
Тревор Куллинан иброз дошт, ки ҳадафи асосии онҳо таҳлил намудани нишондиҳандаҳои иқтисодию молиявӣ аз рӯи маълумоти оморӣ ва иттилоотӣ бо назардошти дигар нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки Агентии байналмилалии рейтингии «Standard & Poor’s» дар баробари баҳогузории хавфҳои қарзӣ, инчунин рейтинги бозори қарзӣ, молиявӣ ва маълумоти расмиро таъмин намуда, маводи таҳлилӣ ва иттилоотӣ ба нашр мерасонад.
Бино ба иттилои манбаъ, коршиносони Агентии байналмилалии рейтингии «Standard & Poor’s» зимни сафари худ бо роҳбарияти як зумра вазорату идораҳои кишвар, аз ҷумла, Бонки миллии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ мулоқоту машварат намуда, ҷиҳати баҳогузории рейтинги кишварро баррасӣ менамоянд.








КОДЕКСИ ЭКОЛОГӢ. Ин санад бо мақсади истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист қабул гардид
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии лимӯ идома дорад
Ҳиссаи Хатлон дар ҳаҷми умумии маҳсулоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон беш аз 53 фоизро ташкил медиҳад
«Саноатсодиротбонк» ғолиби ҷoизаҳои байналмилалии «Беҳтарин лоиҳаҳои рушди иқтисодӣ – 2026» гардид
Дар Ереван маблағгузории гуногунии биологӣ ва татбиқи механизмҳои сафарбаркунии захираҳои дохилӣ ва байналмилалӣ баррасӣ шуд
Конфронси байналмилалии «ІР Авруосиё/ІР Тоҷикистон –2026» оид ба моликияти зеҳнӣ ва технологияҳо доир шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» қадрдонӣ шуданд
Дар вилояти Суғд Парки саноатии металлургияи ранга таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Гулистон Конфронси нуҳуми байналмилалии истифодабарандагони «Майкромайн-2026» доир мешавад
Пагоҳ дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Конфронси байналмилалии «ІР Авруосиё/ТР Тоҷикистон – 2026» оғоз гардид
Дар нуҳ моҳ иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ беш аз 124 фоиз таъмин гардид






