«ДАР БОРАИ МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМ ВА ИБТИКОРОТИ СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН». Таҳти ин унвон дар Душанбе китоби нави Пешвои миллат аз чоп баромад
ДУШАНБЕ, 18.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Дар бораи масъалаҳои мубрам ва ибтикороти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» — таҳти чунин унвон дар нашриёти «Контраст»-и пойтахт китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чоп баромад.
Мураттиб ва муаллифи пешгуфтори китоб мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, доктори илмҳои таърих Зафар Сайидзода мебошад.
Нашрия аз маҷмӯаи порчаҳо аз паёмҳои парлумонӣ, суханрониҳо, маърӯзаҳо, мусоҳибаҳо ва изҳороти матбуотии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва замимаҳо иборат мебошад.
Қисмати аввали маҷмўа ба масъалаҳои мубрам ва самтҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми ду даҳсолаи охир бахшида шудааст. Маводи қисмати дуюм ибтикороти Сарвари давлатро дар арсаи байналмилалӣ оид ба масъалаҳои об ва тағйирёбии ҷаҳонии иқлим, роҳҳои ҳалли қазияи Афғонистон, мубориза бар зидди терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир инъикос мекунад.
Нашрияи мазкур барои доираи васеи хонандагон, аз ҷумла олимон, дипломатҳо, хизматчиёни давлатӣ, омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, пешбинӣ шудааст.
Шакли электронии китоб дар сомонаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷой карда шудааст.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






