Дар Чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот Ҷамшед Исоев ва Надежда Антонова ғолиб дониста шуданд
ДУШАНБЕ, 11.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Аз 2 то 10 июли соли равон дар шаҳри Душанбе Чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот байни мардон ва бонувон баргузор шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, чемпионати мазкур ба Рӯзи байналмилалии шоҳмот, ки 20 июл таҷлил мегардад, бахшида шуда, бо мақсади оммавӣ гардонидани варзиш доир карда шуд.
Дар чемпионати ҷумҳуриявӣ варзишгарон аз ВМКБ, Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе иштирок намуда, миёни ҳам рақобат намуданд.
Ба иттилои манбаъ, баъд аз рақобат миёни мардон ғолибият насиби Ҷамшед Исоев аз шаҳри Душанбе гардида, ҷойи дуюм насиби Мустафохӯҷа Ҳусейнхоҷаев аз вилояти Суғд ва ҷойи сеюм насиби Амин Қобилов аз шаҳри Душанбе шуд.
Миёни бонувон Надежда Антонова аз шаҳри Душанбе сазовори ҷойи аввал дониста шуда, ҷойи дуюм насиби Мутриба Ҳотамӣ ва ҷойи сеюм насиби
Сабрина Абророва гардид.
Дар охир ғолибон бо диплом ва медал сарфароз гардонида шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






