Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон факултети санъати мусиқии мардумӣ таъсис дода шуд

Июль 27, 2018 12:10

ДУШАНБЕ, 27.07.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Дар доираи татбиқи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода факултети санъати мусиқии мардумӣ таъсис дода шуд. Дар ин бора  имрӯз Ректори Донишкада Хайриддин Идиев  зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

«Бо  мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати таълим ва тибқи талаботи меъёрӣ ба роҳ мондани низоми таълим дар Донишкада сохтори нав таҳия ва аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст. Тибқи ин, сохтор якчанд кафедраи  нав, аз қабили бойгоншиносӣ, технологияи телевизион, педагогика ва низоми итилоотӣ дар фарҳанг таъсис дода шудааст. Барои татбиқ намудани низоми фосилавӣ дар Донишкада Маркази таҳсилоти фосилавӣ таъсис дода шуда, он бо воситаҳои  техникии муосир пурра таъмин шудааст»,- гуфт ректори Донишкада.

Ба иловаи номбурда, имрӯз  талабот ба хатмкунандагони  Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон зиёд гардидааст. Соли  равон 439 донишҷӯ Донишкадаро хатм намуда,  аксарияти онҳо тариқи роҳхат ба кор ҷалб карда шудаанд.

Июль 27, 2018 12:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст