Дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон шумораи донишҷӯёни хориҷӣ афзудааст

Июль 25, 2018 14:01

ДУШАНБЕ, 25.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бо 9 муассисаи олии касбии кишварҳои Чин, Беларус, Япония, Қазоқистон, Россия ва Ӯзбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида, айни замон дар донишгоҳ 109 нафар шаҳрвандони хориҷӣ аз рӯйи ихтисосҳои мавҷудаи Донишкада таҳсили илм менамоянд.

Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон Маҳмадулло Раҷабзода ба доираи васеи рӯзноманигорон баён дошт.

Ба гуфтаи М.Раҷабзода, робитаҳои хориҷии Донишкада яке аз сохторҳои муҳим ба шумор рафта, ин самти фаъолияти байналмилалӣ рӯз то рӯз вусъат меёбад. «Ҳамин аст, ки таваҷҷуҳи шаҳрвандони хориҷӣ барои таҳсил дар Донишкада афзуда, шумораи дархосткунандагон меафзояд. Соли сипаригардида шумораи шаҳрвандони хориҷӣ дар Донишкада 10 нафарро ташкил медод, ҳоло ин шумора ба 109 нафар расидааст. Айни замон ба шуъбаи робитаҳои байналмилалии донишкада 100 дархост барои дохил шудан аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ворид шудааст, ки дар ҳоли баррасӣ мебошанд»,-афзуд ректори Донишгоҳ.

Зикр карда шуд, ки яке аз дастовардҳои муҳими Донишкада- ин таҳсили донишҷӯён дар хориҷи кишвар ва иштироки онҳо дар озмунҳои илмию фарҳангӣ мебошад. Дар ин давра 36 нафар донишҷӯён дар озмунҳои забондонии хориҷи кишвар ширкат намуданд.

Июль 25, 2018 14:01

Хабарҳои дигари ин бахш

ПЕШВОИ МИЛЛАТ — МЕЪМОРИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад