Дар Душанбе бо мақсади пешбурди тарзи ҳаёти солим майдончаҳои варзишӣ бунёд мешаванд
ДУШАНБЕ, 17.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар идомаи ташаббуси роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар самти тақвияти корҳои ободонию созандагӣ ҷиҳати бунёди майдончаҳои варзишию тафреҳӣ барои сокинони пойтахт, хосса кӯдакону наврасон, дар кӯчаи Айнӣ, назди биноҳои истиқоматии №299 ва №303, шаҳраки №191, воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансур майдончаи нави варзишӣ бунёд карда шуд.
Дар маросими ифтитоҳи он муовини Раиси шаҳри Душанбе Фаррух Ҷумъазода, раиси ноҳияи Шоҳмансур Низом Ҳакимзода сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода ва сокинони кӯчаи Айнӣ иштирок намуданд.
Иншооти мазкурро кормандони Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва саҳмгирӣ дар шукуфоии пойтахти кишвар бунёд карданд. Майдони варзишӣ аз майдончаи футболи хурд, ки ҳамзамон барои бозиҳои волейбол ва баскетбол мувофиқ аст, нишастгоҳҳо барои фароғати сокинон, майдончаи бозии кӯдакон, ки бо асбобҳои гуногуни варзишӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст, иборат мебошад. Ҳамзамон атрофи майдонча сабзазор гардида, дар дохилаш гулҳои рангоранг ва дарахтони ҳамешасабз шинонида шудааст. Ҳамзамон барои таъмини амнияти бошандагон дар атрофи майдонча камераҳои назоратӣ насб гардидаанд.
Сокинони ин маҳалла аз ғамхории роҳбарияти Мақомоти иҷроияи шаҳри Душанбе, ки барои таҳкими тарзи ҳаёти солим, ҳарчи бештар ба варзиш машғул шудани кӯдакону наврасон шароити мусоид фароҳам меорад, сидқан миннатдоранд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид






