Дар Душанбе Конференсияи VIII илмӣ-амалии Мактаби тобистонаи байналмилалии Донишгоҳи давлатии тиббӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 17.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Экология, сайёҳӣ ва саломатӣ» бо иштироки намояндагони беш аз 6 кишвари Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Конференсияи VIII илмӣ-амалии Мактаби тобистонаи байналмилалии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино баргузор гардид.
Конференсияи имрӯза бори дигар ҳадафи Мактаби тобистонаи байналмилалии Донишгоҳро, ки ҳадафи он ҷалби донишҷӯён ба илмомӯзӣ ва пайванди назария бо амалия аст, бо баррасии ҳолати туризми экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷонибдории донишгоҳ аз ин иқдоми Ҳукумати мамлакат исбот намуд.
Дар Конференсияи байналмилалӣ беш аз 60 нафар меҳмонону намояндагони Донишгоҳи давлатии Томбов (Россия), Академияи давлатии тиббии Ижевск (ш.Ижевск, Удмуртия), Донишгоҳи давлатии тибби Қарағанда (Қазоқистон), Донишгоҳи байналмилалии Вестминстерский дар Тошканд (Ӯзбекистон), Донишкадаи давлатии тиббии Бухоро ба номи Абӯалӣ ибни Сино (Ӯзбекистон), Донишгоҳи қирғизу славянии ба номи Б.Н. Елтсин (Бишкек, Қирғизистон), Донишгоҳи давлатии тиббии Ӯш (Қирғизистон), Донишгоҳи давлатии тиббии Воронеж ба номи Н.Н.Бурденко (Россия) ва Донишгоҳи давлатии тиббии Луганск (Украина) ширкат намуданд.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






