Дар Душанбе Маркази инноватсионии ҷавонон ба истифода дода шуд

Июль 23, 2018 10:01

ДУШАНБЕ, 23.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе бо мақсади рушди соҳаи илм ва инноватсия, ҷалби ҷавонону наврасон ба ихтироъкорию навоварӣ Маркази инноватсионии ҷавонон ба истифода дода шуд, ки  дорои шароити зарурӣ мебошад. 

Ёдовар мешавем, ки охири ҳафтаи гузашта бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Хазинаи рушди кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар назди Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иттилоот ва тамоюли ҷавонон» Маркази инноватсионии ҷавонон таъсис шуд.

Тавре  аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш  ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Аҳтам Абдуллозода иброз дошт, ки дар партави сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои омӯзиш ва азхуднамоии донишҳои замони муосири насли ҷавон тамоми имкониятҳои мавҷуда фароҳам оварда шудаанд. Ҷавонон бояд аз ин имкониятҳо истифода намуда, бо донишу маҳорат ва ақлу заковат дар ҷодаи илмомӯзӣ, бахусус илмҳои дақиқ гомҳои устувор гузоранд.

«Маркази инноватсионии ҷавонон дар доираи барномаҳои махсуси Созмони Милали Муттаҳид барои наврасону ҷавонон таъсис ёфта, он метавонад барои баланд бардоштани маърифати эҷодию илмӣ ва ихтироъкорию навоварии ҷавонон дар Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам оварад. Бо боварии комил метавонам гӯям, ки маркази мазкур дар роҳи дарёфти чеҳраҳои навовару ихтироъкор саҳм гузошта, метавонад иқтидори илмии ҷавононро зиёд намояд»,- иброз дошт роҳбари Хазинаи рушди кӯдакон (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон Лучиано Калестини.

Маркази инноватсионии ҷавонон дар Тоҷикистон имкон фароҳам меорад, ки ҷавонону наврасон дар соҳаи илм, инноватсия ва ихтироъкорӣ корҳои хешро мутобиқ ба стандартҳои замони муосир анҷом диҳанд.

Июль 23, 2018 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад