Дар Душанбе оид ба иштироки ҷавонон дар рушди иқтисодии мамлакат ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 19.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон таҳти унвони «Иштироки ҷавонон дар рушди иқтисодӣ тариқи ҳисоботдиҳии ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон» ҳамоиш баргузор гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ҳамоиш намояндагони Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки ҷаҳонӣ, инчунин қариб 50 нафар намояндагони мақомоти давлатӣ, донорон, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.
Зимни ҳамоиш намояндаи Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон Илҳом Абидов иброз дошт, ки мақсади ҷамъомади имрӯза муттаҳид намудани ҳамаи тарафҳои манфиатдор барои муҳокимаи муштараки масъалаи иштироки ҷавонон дар ҷараёни рушди иқтисодии мамлакат мебошад.
Муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадрасул Қурбонзода иброз дошт, ки инкишофи устувори минбаъдаи кишвар дар шакли индустриалӣ ва инноватсионӣ пешбинӣ гардидааст, зеро истеҳсолоти саноатӣ омили муҳимтарини ҳалли масъалаи ба шуғл фаро гирифтани ҷавонон мебошад.
Аз ин рӯ, имконияти дигари устувори ба шуғли арзанда фаро гирифтани ҷавонон- ин бо истифодаи васеъ аз технологияҳои муосир зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолоти молу маҳсулоти ивазкунандаи воридот мебошад.
Бо ин мақсад дар ноҳияҳои ҷумҳурӣ раванди бунёд намудани минтақаҳои саноатӣ бо мавриди истифода қарор додани корхонаҳои металлургӣ, коркарди нафт, истеҳсоли семент, бофандагӣ, саноати кимиё ва коркарди металлҳои ранга роҳандозӣ гардид, ки онҳо теъдоди ҷавонони ба шуғл фарогирифташударо дучанд афзоиш доданд.
Тавре аз раванди татбиқи барномаҳои давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ бармеояд, тайи 10 соли охир дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ беш аз 1 миллион ҷойҳои кори доимӣ, муваққатӣ ва мавсимӣ таъсис дода шудаанд»,-гуфт М.Қурбонзода.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






