Дар Душанбе оид ба татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои бахши гумрукӣ мулоқот доир гардид

Июль 13, 2018 15:22

ДУШАНБЕ, 23.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. 12 июл дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Турсунзода ва Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян Петер Олтерс баргузор шуд.

Тавре аз маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар мулоқот ҷонибҳо дар баробари баррасии масъалаҳои таҳким бахшидани ҳамкорӣ дар самти татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои бахши гумрукӣ, инчунин оид ба ҷараёни  амалишавии лоиҳаи «Ҳисобот оид ба самтҳои фаъолияти гумрукӣ» табодули назар намуданд.

Муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Турсунзода аз ҳамкории мутақобилаи судманд бо Бонки ҷаҳонӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, барои боз ҳам вусъат бахшидани муносибатҳои дуҷонибаи муфид дар самти фаъолияти гумрукӣ изҳори ҳавасмандӣ кард.

Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян Петер Олтерс омодагии хешро барои вусъат бахшидани муносибатҳои ҳамкорӣ дар оянда изҳор карда, татбиқи лоиҳаҳои муштаракро ҷиҳати устувор намудани фаъолияти гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Зимни суханронӣ Ян Петер Олтерс ҳамзамон оид ба мушкилиҳо ва роҳҳои ҳалли он, кумаки техникӣ ва баланд бардоштани сатҳи тахассусии кормандони Хадамоти гумрук ибрози назар намуд.

Июль 13, 2018 15:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад