Дар Душанбе самти ҳаракати воситаҳои нақлиёти микроавтобуси №11 тағйир ёфт

Июль 2, 2018 08:50

ДУШАНБЕ, 02.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Аз имрӯз, 2 июл  дар хатсайри рақами №43 миқдори автобусҳои нави замонавии тамғаи «AKIA»  зиёд карда шуда, ҳаракати воситаҳои нақлиёти микроавтобуси №11  тариқи хиёбону кӯчаҳои А.Ҷомӣ, Соҳилӣ, академик Раҷабовҳо ва самти бозгашт кӯчаҳои С. Шерозӣ, Соҳилӣ  ва  А.Ҷомӣ ба роҳ монда мешавад. 

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  ба АМИТ “Ховар” хабар доданд,   ин амал бо  мақсади кам кардани ҳолатҳои танбашавии воситаҳои нақлиёт дар кӯчаи А. Қаҳҳоров ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии он   ба роҳ монда шудааст.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони  шаҳри Душанбе мерасонад, ки  сабаби тағйирот дар  самти ҳаракати воситаҳои нақлиёти мусофирбар, ки  рӯзҳои охир  ба назар мерасад,  ин  ҷараён доштани корҳои  таъмиру навсозии роҳҳои мошингард дар ҳудуди пойтахт мебошад.

 

Июль 2, 2018 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд