Дар Кӯшониён ба ҳунари занони чевар ва самараи баланди меҳнати ҷавонони кишоварз баҳои баланд доданд

Июль 14, 2018 12:42

ДУШАНБЕ, 14.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ҳамаи деҳаву маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия бо сокинон вохӯрӣ баргузор намуда, аҳли ҷомеаро ба созандагиву бунёдкорӣ ва ҳифзи фарҳангу асолати миллӣ даъват мекунанд. 

Дар ин росто, дирӯз бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва таҳлили  Кумитаи иҷроияи  Ҳизби  Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Орзу Ҳамидиён,  раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Мунаввара Сатторова, намояндаи  прокурутураи  ноҳия Парвиз Пирзода  бо сокинони деҳаҳои Сарипул, Сариҳавз ва Рӯдакӣ  мулоқот баргузор шуд.

Тавре аз Кумитаи иҷроияи  Ҳизби  Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон хабар доданд, зимни вохӯрӣ иштирокчиён ҳамзамон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзии сокинони деҳа дидан намуда, ба ҳунари дасти занони чевар ва самараи баланди меҳнати ҷавонони кишоварз баҳои баланд доданд.

Тавре зикр гардид, ҳунарҳои мардумӣ ва кишоварзӣ манбаи муҳими ба даст овардани даромад ва ҷойи кори доимӣ ба ҳисоб рафта, метавонанд ба рушду нумуи иқтисодиву иҷтимоӣ мусоидат  намоянд.

 

Июль 14, 2018 12:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд