Дар ноҳияи Айнӣ маҷмааи варзишӣ ва боғи фарҳангӣ-фароғатӣ бунёд карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 24.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар ноҳияи Айнӣ маҷмааи варзишӣ ва боғи фарҳангӣ — фароғатӣ бунёд карда мешавад.
Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилоят ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, маҷмааи варзишӣ ва боғи фарҳангӣ – фароғатӣ аз варзишгоҳ бо 10 ҳазор ҷойи нишаст, ҳавзи шиноварӣ барои кӯдакону наврасон, майдончаҳои гуногуни варзишӣ ва боғи истироҳатӣ иборат буда, зимни сафари кории раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Айнӣ ба бунёди он санги асос гузошта шуд.
Раиси вилояти Суғд зимни суҳбат бо сокинони ноҳияи Айнӣ иброз дошт, ки «дар доираи омодагиҳо ба ин санаи таърихӣ дар шаҳру навоҳии вилоят бунёди беш аз 3 ҳазор иншооти таъйиноташон гуногун ба нақша гирифта шудааст. Бунёди маҷмааи варзишӣ ва боғи фарҳангӣ – фароғатӣ дар ноҳияи Айнӣ аз ҷумлаи чунин иншоот маҳсуб мешавад».








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






