Дар ноҳияи Айнӣ миёни маъюбон мусобиқаи варзишӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 09.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагии Ассотсиатсияи КАРИТАС-и Германия дар Тоҷикистон 8 июл дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятии «АЗИТ» ва «ДАРО» бахшида ба Рӯзи маъюбон ва пиронсолон байни дастаҳои маъюбони шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд мусобиқаи баскетбол гузаронид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» намояндаи ташкилоти «КАРИТАС» –и Германия дар Тоҷикистон Самаридин Баҳриддинов иттилоъ дод.
Муовини раиси ноҳияи Айнӣ Гулсара Зокирзода дар маросими ифтитоҳи мусобиқаи варзишӣ зикр кард, ки беҳдошти вазъи иҷтимоии маъюбон ва пиронсолон доимо дар маркази таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Иҷрокунандаи вазифаи намояндаи ташкилоти «КАРИТАС» Заринамо Мухторова иброз дошт, ки ҳадафи мусобиқаи варзишӣ тарғибу ташвиқи варзиш дар байни маъюбон дар ноҳияи Айнӣ ва ҷалби онҳо ба намудҳои гуногуни варзиш мебошад. Вай гуфт, ки «мусобиқаи мазкур бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки шахсони маъюб ба ҳама кор қодиранд ва метавонанд қобилияти худро тақвият дода, дар тамоми соҳаҳо, бахусус дар бахши варзиш номбардори миллату ватани худ бошанд».
Ҳамзамон раиси Федератсияи варзишгарони маъюби шаҳри Душанбе Абдурауф Олимов, қаҳрамони 12-каратаи Осиё ва қаҳрамони ҷаҳон аз рӯи намуди дастхобонӣ миёни маъюбон, устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ Акмал Қодиров ва роҳбари Клуби баскетболи маъюбони шаҳри Душанбе Ғайрат Тухтасунов дар бораи қобилиятҳои шахсони маъюб барои намудҳои гуногуни варзиш сухан карданд.
Онҳо маъюбони ноҳияи Айниро даъват намуданд, ки ба ягон намуди варзиш машғул шаванд, зеро варзиш барои ташаккули тарзи ҳаёти солим хеле муҳим аст. Акмал Қодиров қоидаҳои асосии дастхобониро нишон дода, ба маъюбони ноҳияи Айнӣ мизи дастхобонӣ туҳфа кард.
Дар мусобиқаи баскетбол бо аробачаи маъюбӣ дастаҳои шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд ширкат намуданд.
Баскетболбозони ҳар ду даста аз худ маҳорати баланди касбӣ нишон дода, иштирокчиёни фаъол бо ифтихорномаҳо сарфароз гардиданд.













Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






