Дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе содиршавии ҷиноят аз тарафи ноболиғон дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд шудааст
ДУШАНБЕ, 25.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли 2018 дар ноҳия 938 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 66 ҷиноят зиёд мебошад. Аз ин миқдор 79 ҷиноят аз тарафи ноболиғон содир гардидааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2017 60 ҷиноят зиёд мебошад. Ин нуктаро раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Нусратулло Салимзода зимни пешниҳоди ҳисобот дар нишасти матбуотие, ки имрӯз дар мақомоти мазкур доир гардид, иброз дошт.
Раиси ноҳия доир ба вазъи иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар давраи ҳисоботӣ маълумот дода, аз ҷумла, зикр кард, ки дар ҳудуди ноҳия 159 корхонаҳои саноатӣ мавҷуданд. Дар ин давра 74 адади онҳо ҳаҷми истеҳсолотро зиёд намуда, 41 адади дигари он ҳаҷми маҳсулотро нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 ба маблағи 11, 7 миллион сомонӣ кам кардаанд ва 39 адад корхонаҳо умуман фаъолият надоштанд.
Н. Салимзода ҳамчунин иттилоъ дод, ки дар давраи ҳисоботӣ 35 коргоҳҳои ҳунарҳои мардумӣ ва дар ин замина 267 ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудаанд ва дар ин самт корҳо идома доранд.
Дар нишасти хабарӣ ҳамчунин зикр гардид, ки барои қабули неруи гармӣ соли равон 850 адад биною иншоот ба нақша гирифта шудааст. Аз ин миқдор 756 ададро биноҳои истиқоматӣ, 56 ададро муассисаҳои таълимӣ, 14 ададро муассисаҳои тандурустӣ ва 24 ададро дигар муассисаҳои дигари ноҳия ташкил медиҳанд.








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






