Дар обанбори «Баҳри тоҷик» 4 нафар аз ғарқшавӣ наҷот дода шуданд
ДУШАНБЕ, 14.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҳангоми навбатдорӣ дар обанбори «Баҳри тоҷик» наҷотбахшони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд чор нафарро аз ғарқшавӣ наҷот доданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» сухангӯи Кумитаи мазкур Умеда Юсуфӣ иттилоъ дод, 13 июли соли равон сокини 41-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо духтари 13-сола ва ду духтари 14 ва 15-солаи ҳамсояаш дар «Баҳри тоҷик» ба оббозӣ машғул шуда, ҳудуди барои шиноварӣ муайяншударо убур кардааст. Духтарҳои наврас шино карда натавониста, ба таҳлука афтодаанд. Падар барои наҷоти онҳо шитофта, кӯшиш кардааст, ки духтаронро наҷот диҳад, аммо аз сабаби ба таҳлука афтодани духтарон ӯ ҳам зери об шудааст. Наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ин ҳодисаро мушоҳида намуда, дарҳол ба кумаки ғарқшавандаҳо шитофта, онҳоро ба соҳил интиқол додаанд. Ҳамаи наҷотёфтагон сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, сиҳату саломатанд.
Ин аввалин ҳодисаи ғарқшавӣ ва наҷотдиҳӣ дар мавсими имсолаи шиноварӣ нест. Бо фаро расидани фасли гармо ва оғоз шудани мавсими оббозӣ Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ назорат дар обҳо ва мавзеъҳои шиноварии ҷумҳуриро пурзӯр карда, дар дарёҳои пуртуғён, ки оббозӣ дар онҳо иҷозат дода намешавад, бо истифода аз ғаввосон ва наҷотбахшони касбӣ навбатдории шабонарӯзӣ ба роҳ мондааст.
Ғайр аз ин, кормандони Кумитаи мазкур ҳар рӯз бо сокинони минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ мулоқоту суҳбатҳо анҷом дода, ба онҳо қоидаҳо ва маконҳои оббозиро шарҳ медиҳанд ва даъват мекунанд, ки аз оббозӣ дар ҷойҳои манъшуда худдорӣ намоянд.
Аммо новобаста аз ҳушдорҳои қатъӣ сокинони ҷумҳурӣ дар чунин дарёҳо худсарона ба оббозӣ машғул шуда, ҳаёти худу наздиконашонро дар хатар мегузоранд.
Аз ин сабаб Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз сокинону меҳмонони ҷумҳурӣ эҳтиромона хоҳиш мекунад, ки ҳангоми оббозӣ қоидаҳои бехатариро риоя намоянд ва дар ҷойҳои муайяншуда ба шиноварӣ машғул шаванд. Ҳамчунин волидонро огоҳ менамояд, ки фарзандони худро ҳангоми ҳузур доштан дар лаби дарёву кӯлҳо беназорат нагузоранд.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






