Дар шаҳри Бӯстон бахшида ба Рӯзи маъюбон мусобиқаҳои варзишӣ оғоз шуданд

Июль 5, 2018 16:25

ДУШАНБЕ, 5.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 5 июл дар Ташкилоти ҷамъиятии «Ҷамъияти маъюбон»-и шаҳри Бӯстони вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи маъюбон, ки дар ҷумҳурӣ 8 июл таҷлил мегардад, маросими ифтитоҳи  мусобиқаҳои вилоятӣ доир шуд.

Мусобиқаҳои мазкур бо ташаббуси Иттиҳодияи миллии маъюбони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва дастгирии ташкилоти байналхалқии «Оперейшн Мерси» роҳандозӣ гардида,  ҳадафи асосӣ- ин ба ҳаёти осоишта ва раванди солимгардонӣ ҷалб намудани ин қишри ҷомеа мебошад.

Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, мусобиқаҳои мазкур аз рӯи намудҳои дастхобонӣ, шашка, тенниси рӯи миз ва футбол баргузор гардида,  то 7 июл идома меёбанд.

Дар рӯзи аввали мусобиқаҳо 100 нафар аз шаҳру навоҳии Хуҷанд, Бӯстон, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Мастчоҳ ширкат намуда, байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Ғолибон  дар Рӯзи маъюбон бо туҳфа ва сипосномаҳо қадрдонӣ карда мешаванд.

 

Июль 5, 2018 16:25

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад