Дар шаҳри Бохтар мусобиқаи шашка ва шоҳмот баргузор гардид

Июль 12, 2018 17:06

ДУШАНБЕ, 12.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 27- солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бохтар миёни ҷавонони аз 15 то 25-сола мусобиқаи шашка ва шоҳмот баргузор гардид.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Федератсияи шоҳмоти Ҷумҳурии Тоҷикистон  хабар доданд, дар мусобиқаи мазкур 25 нафар ҷавонон барои нишон додани маҳорату малакаи худ миёни ҳам рақобат намуданд.

Мақсади баргузории мусобиқа дарёфти чеҳраҳои боистеъдод ва ташвиқи ин намуди варзиш, ки ба ташаккули зеҳнии шахс таъсири  мусбат мерасонад, арзёбӣ гардид.

Ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли мусобиқа бо туҳфаҳо ва сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Июль 12, 2018 17:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд