Дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати Сарвазири мамлакат ҷаласаи Ситоди омодагӣ ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Июль 8, 2018 08:02

ДУШАНБЕ, 08.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҷаласаи Ситоди омодагӣ ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҷаласа роҳбарони вазорату идораҳо, фаъолони вилояти Хатлон ва гурӯҳҳои корӣ оид ба таҳия ва амалӣ кардани нақшаи ободонию бунёдкорӣ иштирок намуданд.

Зимни ҷаласа Сарвазири мамлакат рушд ва мушкилоти  бахшҳои муҳими хоҷагии халқ, раванди корҳои сохтмонӣ ва дигар самтҳоро мавриди баррасӣ қарор дода, аз масъулини шаҳру ноҳияҳои вилоят талаб намуд, ки корҳои созандагию бунёдкориро дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат тақвият бахшанд.

Таъкид гардид, ки масъулин ва соҳибкорони ватаниро мебояд дар заминаи тадбирҳои фароҳамовардашуда баҳри ободии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва сазовор таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Ҳамчунин дар ҷаласа ҷиҳати мувофиқ ба талаботи замон бунёд намудани иншооти таъйиноти гуногун лоиҳаҳои намунавӣ муаррифӣ гардиданд.

 

Июль 8, 2018 08:02

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд