Дар шаҳри Душанбе Барномаи дастгирии рушди неруи инсонӣ муҳокима гардид
ДУШАНБЕ, 12.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо оид ба ҷамъбасти ҳисоботи Лоиҳаи кумаки техникии Иттиҳоди Аврупо оид ба Барномаи дастгирии рушди неруи инсонӣ ҷамъомад баргузор гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ҷамъомади мазкур иштирокчиён масъалаҳои дурнамо ва қадамҳои минбаъда дар самти рушди соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо дар раванди ислоҳоти маблағгузории соҳаи тандурустӣ, дастрасии маводи доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ ба аҳолӣ ва кор дар самти иттилоотонии идоракунии соҳаи тандурустиро баррасӣ намуданд.
Сармутахассиси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба системаи иттилоотии идоракунии тандурустӣ Сафар Сайфуддинов дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» гуфт: «Дар давоми даҳ соли охир дар доираи дастгирии Ҳукумати мамлакат ва дар ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо дастгирии рушди системаи иттилотии идоракунии тандурустӣ анҷом дода шуд. Ин лоиҳа дар 4 марҳила тадбиқ гардид».
Номбурда дар идомаи суҳбат зикр намуд, ки дар марҳилаҳои аввал системаҳои иттилоотӣ мавриди омӯзиш қарор дода шуда, дар марҳилаҳои минбаъда таҳкими заминаи меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар амал татбиқ карда мегардад. Ҳоло тарзи онлайнии он роҳандозӣ карда шудааст.
«Тавассути лоиҳа тамоми мавод оид ба сатҳи солимии аҳолӣ ва фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ бо таври онлайн дастрас гардиданд, ки барои идоракунӣ дар системаи тандурустӣ пешниҳод карда мешаванд. Бо ин мақсад ба системаи иттилоотӣ- идоракунии тандурустӣ афзалият дода шуд. Бояд гуфт, ки бе иттилоот мо наметавонем, ки аз мушкилоти соҳаи тандурустӣ воқиф бошем. Танҳо дар ин сурат мо метавонем сатҳи солимии аҳолӣ ва фаъолияти хуби муассисаҳои тандурустиро таъмин намоем»,-илова намуд ҳамсуҳбат.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






