Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи «Ҳомии Ватан» баргузор мегардад

Июль 20, 2018 13:10

ДУШАНБЕ, 20.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 21 июли соли 2018 тибқи нақшаи барномаҳои муштараки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Кумитаи марказии ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машқгоҳи Кумитаи марказии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи ҳарбӣварзишии «Ҳомии Ватан» баргузор мегардад.

Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар мусобиқаи мазкур афсарону сарбозон аз қисмҳои низомии ҳудуди шаҳри Душанбе иштирок намуда, баҳри дарёфти ҷойҳои ифтихорӣ байни ҳам рақобат менамояд.

Озмуни мазкур аз рӯи намудҳои давидан аз болои чархҳои резинӣ, гузаштан аз таги симтӯр бо оринҷон, бо қувваи дастон аз зинаи дароз гузаштан, партофтани норинҷак ба масофаи 30 м, тирпаронӣ ва пӯшидани ниқоби газӣ баргузор мегардад.

Ғолибони мусобиқа бо диплом, медал, ҷом ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш қадрдонӣ карда мешаванд.

Июль 20, 2018 13:10

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад