Дар шаҳри Гулистон бо дастгирии саховатпешагон мактаби санъат сохта мешавад
ДУШАНБЕ, 10.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд мактаби нави санъат сохта мешавад. Бинои замонавии мактаб аз ду ошёна иборат буда, тибқи талаботи умумии муассисаҳои мактабӣ барои 200 ҷой дар ду баст пешбинӣ шудааст.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, масоҳати умумии қитъаи замини ҷудошуда барои сохтмони мактаби санъат 2500,0 м2 буда, барои сохтмони он аз ҷониби шахсони саховатпеша 5,5 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.
Мақсад аз таъсиси мактаб рушди санъат ва фарҳанги миллӣ, тарбияи истеъдодҳои ҷавон ва ҳифз намудани анъана ва арзишҳои миллию фарҳангӣ мебошад.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






